Ҳукумат меъёри истеъмоли озуқаи асосиро муайн менамояд

Октябрь 3, 2014 10:41

         Душанбе, 03.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Вакилони палатаи поёнии  Парлумони Тоҷикистон  ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» илова ворид намуданд.   
         Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода дар Парлумон моҳияти лоиҳаи қонуни мазкурро шарҳ дода гуфт, ки ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати муайян намудани меъёри истеъмоли озуқаи асосӣ барои аҳолӣ дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат мушаххас менамояд.
        Вазир афзуд, ки ворид намудани илова ба лоиҳаи қонуни мазкур имкон медиҳад, ки дар заминаи он роҳу  усулҳои дурнамосозӣ такмил ёфта, захираҳои мавҷуда бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти сатҳи иҷтимоии шаҳрвандони ҷумҳурӣ самаранок истифода гарданд. 

Октябрь 3, 2014 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад