Ҷаласа оид ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ

Октябрь 8, 2014 14:32

 
Душанбе, 08.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Имрўз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҳукуматӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва калонҳаҷми сармоягузорӣ доир шуд.
Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои муқаррароти ҷаласаи нахустини ситод, аз ҷумла  масъалаҳои вобаста ба иҷрои лоиҳаҳои муҳиму калонҳаҷми сармоягузорӣ ва иҷрои созишномаю тафоҳумномаҳое, ки дар доираи ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Доир ба масъалаҳои рўзномаи ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ҳисобот доданд.
Бо назардошти муҳимияти масъалаҳои баррасӣ шуда, Сарвазири мамлакат роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳалии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки муқаррароти ҷаласаҳои қаблӣ ва навбатиро ҳатмӣ иҷро намуда, татбиқи лоиҳаҳои муҳим ва калонҳаҷми сармоягузориро дар мамлакат сари вақт таъмин намоянд.
 

Октябрь 8, 2014 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад