Ҷалби занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ
Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Душанбе” дар нӯҳ моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 нафар ятимдухтар, ноболиғони гирифтори хушунат ва зӯровариро ба омӯзиши касбҳои “Қаннод” (20 нафар), “Дӯзанда” (20 нафар) ва “Асосҳои омӯзиши компютер” (20 нафар) ҷалб намуд.
Бо назардошти дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимии низоми Агентии вазорат 6415 нафар занону духтарони хонашин ба омӯзиши касбҳои «Қолинбоф», “Қуроқдӯз”, “Бофанда”, “Гулдӯз” ва “Сӯзанидӯз” ҷалб гардид.
Дар ин давра Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба ташкили корҳои ҷамъиятии музднок диққати ҷиддӣ дода, дар доираи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015» бо 213 корфармо шартномаи тарафайн баста, 4008 нафар бекори дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ буда, ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуд, ки нисбат ба пешгӯии барнома 87,1 фоизро ташкил намуд.
Дар айни замон дар муассисаҳои давлатии таълимии “Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе”, “Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд”, “Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷиргатол”, “Литсейи касбии саноати дӯзандагии шаҳри Конибодом”, “Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳритус” ва “Литсейи касбии техникии ноҳияи Ёвон” барои омӯзиши касби «Қолинбофии дастӣ» таҷҳизот харида, ба омӯзонидани хоҳишмандон шурӯъ карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






