Ҷамъбасти нӯҳмоҳа дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист
Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-Имрӯз дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти кумита дар 9 моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар он раиси Кумита Хайрулло Ибодзода доир ба фаъолияти соҳа дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти муваффақият ва камбудиҳои ҷойдошта маърўза кард.
Дар ҷаласа сардорони раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, директори МД «Обуҳавошиносӣ», раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе доир ба фаъолияти самти худ ҳисобот доданд. Ҳамзамон ҳисобот ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2014-2015 аз ҷониби муовини раиси кумита Шамс Назаров пешниҳод шуд.
Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти ҷории нўҳмоҳаи мақомоти соҳавӣ ҳаматарафа муҳокима гардида, вазифаҳо барои ҷамъбасти сазовори соли 2014 муайян гаштанд.
Дар ҷаласа сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалил Пиризода сухан гуфт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






