Ҷамъомад бахшида ба Рўзи забони давлатӣ
Душанбе, 07.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон тибқи Нақшаи кории Комиссияи татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» оид ба Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора аз котиботи Вазорати мазкур хабар доданд, ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Шавкат Бобозода кушода, ҳозиринро бо Рўзи забони давлатӣ табрик ва иброз намуданд, ки ба наздикӣ мо 23-солагии Истиқлолияти давлатиро бо тантана ҷашн гирифтем ва Рўзи забони давлатӣ ҳам яке аз самараҳои давраи истиқлолият мебошад.
Дар ҷамъомад оид ба татбиқи қонуни забон дар вазорату идораҳо намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, андешаҳои худро баён намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар анҷоми ҷамъомад як қатор кормандони фаъоли корхонаҳои соҳа бо Ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар сарфароз гардонида шуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






