Ҷамъоварии ҳосили пахта- 70 фоиз
Душанбе, 22.102014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда аз 177,6 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шуд. Дурнамои истеҳсоли пахта 408 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Дар оғози ҳафтаи равон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 286,4 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 70, 2 фоизи дурнамо мебошад. Зиёда аз 173,3 ҳазор нафар чинакчӣ ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғул мебошад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат, соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон дар майдони зиёда аз 120,4 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шуд. Дурнамои истеҳсоли пахта дар вилоят 277,6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар айни замон дар вилоят зиёда аз 200 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 72,1 фоизи дурнамо мебошад. Дар вилоят аввалин шуда кишоварзони ноҳияи Сарбанд иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахтаро 102,5 фоиз таъмин намуданд. Кишоварзони ноҳияҳои ноҳияҳои Қубодиён, Ҷиликул, Н.Хусрав ва Данғара дар вилоят пешсафанд.
Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ дар вилояти Суғд дар майдони 51883 гектар кишти пахта гузаронида шудааст. Дурнамои истеҳсоли пахта дар вилоят 115 ҳазор тонна буда, зиёда аз 78,1 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 67,9 фоизи дурнамо мебошад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба миқдори 8303 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 53,9 фоизи дурнамо мебошад. Ҷамъоварии пахта дар сар то сари ҷумҳурӣ бо суръат идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






