Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб муҳокимаи масоили ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсат, мудофиа, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ ва ҳамчунин густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ идома ёфт.
Ҳарду ҷониб дастовардҳои назаррасро дар соҳаи иқтисод ва тиҷорат таъкид намуда, ҳамзамон фаъолияти бештари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро зарур шумурданд. Дар ин замина ба густариши робитаҳои мустақими миёни доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Озарбойҷон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Мусоидат ба рушди ҳамкории илмию-техникӣ ва фанновариҳои нав ҳам аз мавзӯъҳои асосии музокирот буд.
Зимни баррасии мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба таҳким ва густариши ҳамгироии амниятию дифоӣ дар роҳи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир таъкид доштанд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ маросими имзои санадҳо баргузор шуд, ки зимни он Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва 4 созишнома ба имзо расид. Зери Эъломияи муштарак сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев имзо гузоштанд. Санадҳои дигари имзошуда инҳоянд:
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;
— Созишнома миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкории илмӣ.
Зимни нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олии ду давлат баҳои баланд дода, робитаҳои ояндаи Тоҷикистону Озарбойҷонро дорои дурнамои судбахш номиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






