Ҷашнвораи синамоии «Дидор» дар Тоҷикистон
Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). – Ҷашнвораи байналмилалии синамоӣ таҳти унвони «Дидор» дар Тоҷикистон бо намоиши филми мустанади «Комил» оғоз меёбад.
Муаллифу коргардони ин филм устоди синамои кишвар Сафарбек Солиев мебошад.
Ҷашнвораи байналмилалии «Дидор» бори шашум аст, ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор гардида, аз 16 то 20 октябр идома меёбад.
Мувофиқи маълумоти роҳбарияти Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, дар кори ҷашнвора устодони синамои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Эрон ва Афғонистон иштирок менамоянд.
Имсол дар ҷашнвора номгӯи нав – «Синамои форсӣ» манзури бинандагон гардида, дар ҷараёни он 12 филми устодони синамои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон намоиш дода мешавад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






