Ҷоизаи Нобел ба се донишманди ҷопонӣ

Октябрь 14, 2014 17:09

Душанбе,14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-  Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон 13 октябри соли 2014  ҷаласаи нахустини Шӯрои вазиронро баргузор намуда, дар он  татбиқи қонун, мубориза бо фасоди идорӣ, ҳукуматдории хуб, таъмини амният ва ислоҳоти густурдаро аз авлавиятҳои корашон донист. Бояд гуфт, ки бахши афғонии Радиои Озодӣ мегӯяд, ки қаблан Ашрафғанӣ Аҳмадзай низ борҳо ба ислоҳоти густарда дар идораҳои давлатӣ таъкид карда буд ва изҳороти доктор Абдуллоҳ монандие ба ҳарфҳои ӯ дошт. 
 
Душанбе,14.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи гузашта Стефан Левен — нахуствазири нави Шветсия ба васоитаи ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвараш эълон кард, ки Фаластинро ба расмият мешиносад. Ва дар қатори он низ намояндагони парлумони Бритониё рӯзи душанбеи 13 октябри соли 2014  бо 274 раъйи мувофиқ ва 12 раъйи мухолиф ба гунаи рамзӣ ё намодӣ ва ба хотири фишор ба раванди сулҳи Ховари Миёна кишвари Фаластинро ба расмият шинохтанд. 
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико Ҷен Псакӣ, дар вокуниш ба расмият шинохтани кишвари Фаластин аз ҷониби Шветсия ва намояндагони парлумони Бритониё аз ин тасмим интиқод кард ва онро зудҳангом донист.
 
Душанбе,14.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз   Сауд Ал-Файсал,  вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ, пас аз дидор бо ҳамтои олмонии худ ба хабарнигорони дохили кишвар гуфт: «мулоҳизоти мо нисбат ба сиёсати Эрон дар минтақа аст, на худи кишвар ё мардуми Эрон.» Ба гузориши хабаргузории Фаронса, вай изҳор доштааст, ки «дар бисёре аз муноқишаҳо Эрон на ба унвони бахше аз роҳи ҳал, балки бахше аз мушкил аст». Ӯ Эронро муттаҳам кард, ки неруҳояш дар Сурия алайҳи мардуми он кишвар дар ҳоли ҷанг ҳастанд. 
Душанбе,14.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал ба хабарнигорон гуфтааст, 14 октябри соли 2014  ба Фаластин сафар карда, барои бозсозии вайронаҳои ҷанг дар Фаластин кумак хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки Қатар бо ваъдаи як миллиард доллар дар садри феҳристи муҳимтарин кишварҳои ёрирасон ба Фаластин қарор дорад. Имороти Муттаҳидаи Араб гуфтааст, 200 миллион доллар кумак хоҳад кард.
 
Душанбе,14.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи равон Кумитаи ҷоизаҳои Алфред Нобел ҷоизаҳои худро дар бахши физика барои соли 2014 ба се донишманди ҷопонӣ тақдим намуд.  Ду нафари онҳо — Исаму Акасакӣ ва Ҳирошӣ Амано — дар як донишгоҳи Ҷопон фаолият намуда, дигари онҳо Шуҷӣ Накамура — донишманди ҷопонитабори Амрико аз донишгоҳи Калифорнияи ин кишвар баранда эълон шуданд.  Ҷоизи зикр аст,ки ин ҷоиза муътабартарин мукофот дар илми муосир ба шумор меравад ва  аз 1 миллиону 100 ҳазор доллар иборат аст, ки акнун байни ин 3 донишманд баробар тақсим хоҳад шуд.
 
 

Октябрь 14, 2014 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад