188 378 нафар шиносномаи биометрӣ гирифт

Октябрь 21, 2014 12:09

 
 
 Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари баҳисобгирии қайди аҳолӣ, масъалаҳои шаҳрвандию гурезаҳо, инчунин таъмини ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шаҳрванд, шиносномаҳои дохилию хориҷиро ба уҳда дорад. 
Бино ба иттилои сардори шуъбаи таҳлилӣ-назоратӣ ва ҳуқуқии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, подполковники милитсия Бой Раҷабов дар нӯҳ моҳи соли 2014 аз тарафи хадамот ва бахшҳои минтақавии он ба сокинони ҷумҳурӣ ҳамагӣ 371 635 адад шиносномаи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 132 431 адад шиносномаи биометрӣ дода шудааст. Умуман, аз соли 2010 баъди ҷорӣ намудани шиносномаҳои биометрӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ 1 миллиону 22 ҳазор шиносномаи хориҷӣ, аз ин ҳисоб 188 378 адад шиносномаи биометрӣ дода  шудааст.
Доир ба тартиби додани шиносномаҳои биометрӣ зикр шуд, ки муҳлати тайёр намудани онҳо се намуд аст. Бо хоҳиши шаҳрвандон ба таври фаврӣ омода намудани шиноснома дар муҳлати 3 рӯз бо нархномаи 225 доллари ИМА ва 100 сомонӣ, таъҷилӣ, яъне дар давоми 7 рӯз 150 доллари ИМА ва 100 сомонӣ ва дар муҳлати 15 рӯз 75 доллари ИМА ва 100 сомонӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо ворид намудани технологияи наву муосир минбаъд пас аз пешниҳоди шиносномаи дохилӣ ва пардохти нархномаи он, дарҳол дар худи мизи шиносномадиҳӣ расм ва изи дастон гирифта шуда, ба шаҳрванд ҳуҷҷати таърихи тайёр шудани шиноснома дода мешавад. Баъди ин оид ба  шаҳрвандон маълумот гирифта, ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ рӯйхат пешниҳод мешавад. Аз он ҷо шиносномаҳо таҳия шуда, тавассути хадамотҳои шиносномавӣ ба шаҳрвандон дастрас мешаванд. Бартарии шиносномаҳои биометрӣ дар он аст, ки сохтакории он хеле мушкил аст, ҳангоми гузаштани нуқтаҳои сарҳадӣ техникаи ҳисоббарор ба осонӣ онро мехонад ва умуман ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ аст. Шаҳодатномаҳо  бо ду хат- кириллӣ ва англисӣ омода мешаванд.
Ба гуфтаи Бой Раҷабов бо сабабҳои техникӣ ва зиёд гардидани шумораи муроҷиаткунандагон дар муҳлати муқарраргардида барои омода намудани шиноснома мушкилӣ сари кор меояд, вале кормандони хадамот кӯшиш мекунанд аз ҳолати ҷойдошта шаҳрвандонро огоҳ намуда ва дар муҳлати наздиктарин камбудиҳоро бартараф созанд.
Бо кормандони хадамот мунтазам дар машғулиятҳои хизматӣ, пеш ва баъд аз анҷоми кор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. 
Барои баланд бардоштани тахассуси кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ки ҳамкории зич доранд, мунтазам машғулиятҳои омӯзишӣ ташкил мешаванд. Ба наздикӣ ду корманди хадамот аз сафари Олмон баргашт, ки дар ин кишвар оид ба  корбарӣ бо барнома ва технологияи навтарин шиносоӣ пайдо намуданд.
Фаъолияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ доимо дар мадди назари роҳбарияти вазорат қарор дошта,  хизматрасонӣ ба шаҳрвандон низ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. 

Октябрь 21, 2014 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд