524 ярмаркаи ҷойи кор барои корҷӯён
Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар нӯҳ моҳи соли равон ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 90268 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки 57767 нафари он ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 40653 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд.
Тавассути татбиқи чорабиниҳои «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар маҷмӯъ 31912 нафар шаҳрванди бекор бо ҷойи кор таъмин гардид. Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квота) 2239 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 2903 нафар соҳиби ҷойи кор шуд.
Дар асоси 213 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилот 4008 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 14527 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуд.
Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 524 ярмаркаи ҷойҳои кор ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 3693 нафар корҷӯй соҳиби ҷойи кор гардида, ба 3400 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуда, 971 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардид.
Тибқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015» дар миқёси ҷумҳурӣ таъсиси 138378 адад ҷойи кор пешбинӣ шуда, дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 169747 адад ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 47529 адад (28,0%) ҷойи кори доимӣ, 59411 адад (35,0%) ҷойи кори муваққатӣ ва 62807 адад (37,0%) ҷойи кори мавсимиро ташкил медиҳад.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷӣрат ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






