Аҳамияти узвияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат
Душанбе, 1.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз дар Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мавзӯи “Узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ва таъсири он ба соҳаҳои саноати ғизовориву кишоварзӣ ва оҳангудозӣ (металлургия) “ конфронс баргузор шуд.
Дар нимаи аввали рӯз дар мавзӯи “Манфиатҳо ва чолишҳои саноати ғизовориву кишоварзии Тоҷикистон аз узвияти кишвар дар СТҶ” давраи омӯзишӣ гузаронида шуда, имрӯз баргузории давраи омӯзишии дигар дар мавзӯи “Манфиатҳо ва чолишҳои саноати оҳангудозии Тоҷикистон аз узвияти кишвар дар СТҶ” дар назар аст.
Намояндагони соҳаҳои мазкур, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои хабарӣ талаботи СТҶ дар робита бо саноати ғизовориву кишоварзӣ ва оҳангудозӣ, манфиатҳо ва чолишҳое, ки ин соҳаҳо аз узвияти кишвар дар СТҶ мебардоранд ва таъсири узвияти Тоҷикистон ба СТҶ ба ин саноатҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ баргузор мешавад. Ин лоиҳаи МТБ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи уҳдадорияҳояш дар баробари СТҶ ва амалисозии Созишномаҳои СТҶ мусоидат мекунад. Лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.
«Ман тавсия медиҳам, ки шиносоии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо имкониятҳо ва захираҳои СТҶ идома дода шуда, манфиатҳои соҳаҳои саноати оҳангудозӣ (металлургия) ва ғизовориву кишоварзии кишвар ба эътибор гирифта шаванд. Барои ин, намояндагони ин соҳаҳоро бояд ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ ва баҳсҳои фаннӣ пайваста ҷалб кард ва ҳамзамон барояшон дастрасӣ ба механизм ва василаҳои СТҶ-ро фароҳам овард. Сарфи назар аз он ки бахши хусусӣ аз узвият дар СТҶ дар муддати кӯтоҳ таъсири манфӣ мебинад, пиёда кардани чаҳорчӯбаҳои тиҷоратии шаффофтар, амнтар ва пешгӯишавандатар дар оянда натиҷаҳои мусбат ба бор меорад”,-Паоло Вергано, коршиноси тиҷорати байналмилалӣ ва роҳбари давраҳои омӯзишии мазкур ҳангоми муаррифии феҳрасти созишномаҳои марбут ба СТҶ ба иштирокдорони давраҳои омӯзишӣ ва нишасти матбуотӣ дар мавриди таъсири узвияти СТҶ ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон чунин ибрози назар кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






