Афзоиши миқдори субъекҳои соҳибкорӣ дар рушди иқтисодиёт
Душанбе, 14.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Президенти мамлакат нақши муассири бахши хусусиро дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар муҳим арзёбӣ карда, алоқамандӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи худро ба таҳким бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ таъкид намуд.Тазаккур дода шуд, ки дар давоми ҳафт соли охир дар мамлакат зиёда аз 1600 корхонаи нави саноатӣ бо 50 ҳазор ҷойи корӣ, аз ҷумла корхонаи саноати коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди меваю сабзавот бунёд шудааст ва танҳо соли гузашта соҳибкорони ватанӣ 332 корхонаи нави истеҳсолиро ба истифода доданд. Дар ин робита зарурати вусъат бахшидан ба ин раванд таъкид карда шуд.
Афзудани миқдори субъекҳои соҳибкорӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар раванди мусбат ба ҳисоб рафта, дар чор соли охир шумораи он аз 186, 5 ҳазор дар соли 2010 то ба 293,0 ҳазор дар соли 2014 расонида шуд ва афзоиши он дар маҷмӯъ 57 фоизро ташкил намуд.
Вобаста ба фаъолияти бахши хусусӣ Президенти кишвар зикр намуд, ки соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40,5 млрд. сомониро ташкил намуд, ки аз ин зиёда аз 63 фоизи он ба бахши хусусӣ рост меояд.
Зимни таҳлили ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ Президенти ҷумҳурӣ вобаста ба масъалаҳои низоми «Равзанаи ягона», расмиёти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, иҷозатномадиҳӣ ва зарурати такмили ин низом, ҳуҷҷатгузорӣ дар он, қарздиҳӣ ва дастгирии соҳибкорон тавассути фондҳои соҳибкорӣ, масъалаҳои андозбандӣ ва расмиёти гумрукӣ, ислоҳоти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ дар соҳаҳо ибрози назар намуда, андешидани тадбирҳои заруриро баҳри бартараф кардани монеаҳо дар самтҳои мазкур таъкид намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






