Афзоиши пешниҳоди қарзҳои дарозмуҳлат

Октябрь 25, 2014 09:41

Душанбе, 25.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Афзоиши мунтазами бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ таъмин гашта истодааст. Дар моҳи сентябри соли равон ин нишондиҳанда 9’160,9 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,9 фоиз зиёд мебошад. Илова бар ин, дар ин давра раванди афзоиши пешниҳоди қарзҳои дарозмуҳлат идома ёфта, 3’980,8 млн. сомониро ташкил кард. Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар дар нуҳ моҳи соли равон бо пули миллӣ 24,72 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,30 фоизи солонаро ташкил намуданд. Тавре хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳҳои январ-сентябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,0 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, 839,3 млн. сомонӣ қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25,7 фоиз зиёд аст.

Октябрь 25, 2014 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад