АМА дар Душанбе бинои намояндагии дипломатӣ месозад

Октябрь 1, 2014 15:37

Душанбе, 01.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Амороти Муттаҳидаи Араб дар  Душанбе бинои намояндагии дипломатӣ бунёд менамояд. Дар иртибот ба ин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи  шашуми палатаи  поёнии Парлумони кишвар 1 октябри соли 2014 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони  биноҳои намояндагиҳои дипломатиро ба тасвиб расонданд.
         Озода Эмомалӣ Раҳмон-муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар Парлумон моҳияти санади мазкурро шарҳ дода гуфт, ки  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони  биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ 30 декабри соли 2013 дар Абузабӣ-  пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расонида шудааст. 
        Созишномаи мазкур ба тарафҳо- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб имкон медиҳад, ки ба таври мутақобила барои 49 сол қитъаи замин ҷиҳати сохтмони намояндагиҳои дипломатиро ҷудо намоянд. 
    Тибқи ин Созишнома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб  дар кӯчаи ба номи Нусратулло Махсум  6 ҳазор метри мураббаъ қитъаи заминро ба муҳлати 49 сол ҷудо менамояд.
      Инчунин бо ҳамин муҳлат, яъне 49 сол  Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб  барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки дипломатии Абузабӣ  дар масоҳати 5 ҳазору 775 метри мураббаъ қитъаи замин ҷудо мекунад.
   Созишномаи мазкур, ки ҷиҳати тасдиқ аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон пешниҳод гардидааст,  барои беҳтар намудани  фаъолияти намояндагиҳои дипломатии ҳар ду кишвар –Тоҷикистон ва Аморот мусоидат менамояд.

Октябрь 1, 2014 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад