Аё шаҳри ҷавонӣ, шаҳри ҷонӣ

Октябрь 15, 2014 11:09

Ба ифтихори 90-солагии шаҳри Душанбе
Душанбе 15.10.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Шаҳри Душанбе қадамҷои бузургони илму адаб аст. Таърих гувоҳ аст, ки шоирон Дақиқӣ, Фаррухӣ, ситораи тобони осмони назму насри тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ, шогирди Ҷомии бузургвор Алишери Навоӣ, нависандаи боистеъдод Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ба мавзеи ҳозираи Душанбешаҳр омада будаанд. Ҳамчунин орифи бузург Мавлоно Яъқуби Чархӣ низ ба мавзеи имрўзаи Душанбешаҳр омада буд. Ва ҳоло мақбараи ин шахсияти бузург, яъне Мавлоно Яъқуби Чархӣ дар шафати шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Рўдакӣ воқеъ аст.
Гузашта аз ин зўртарин паҳлавони ҷаҳон- Рустами Достон, ки аслу насабаш тоҷик буд, барои озод кардани паҳлавонон Гударзу Гев, Тўс ва шоҳ Кайковус аз дасти падари Судоба — шоҳи Ҳамоварон ба диёри Душанбе омада будааст.
Пас аз пойтахт эълон шудани Душанбе ин шаҳри ҷавон бо меҳри дили сокинону тоҷикистониён обод шуд. Ёрию мадади бародарони рус дар ободии ин шаҳр боиси зикр аст.
Умеду орзуи ҳар тоҷик дар ин шаҳри зебо мисоли гулҳои гулгашту хиёбонҳояш шукуфт. Дарахти умеди тоҷикон бо эъмори зеботарин шаҳри олам — Душанбе чун меваҳои шаҳдбори водии Ҳисор бор овард.
Айнии бузург дар сари гаҳвораи илму фарҳангаш чакомаи ҳуввияти миллиро суруд. Мирзои шарафмандаш суруди озодӣ, Истиқлолият, дўстӣ ва бародариро барои худи миллати тоҷику ҷаҳониён навишт ва ба самъи онҳо расонд! Лоиқи фарзонааш ормону орзую умеди дил миллионҳо ҷавонону ошиқонро рўи коғаз овард. Агарчи ин номбардори шеъри дарӣ достон нагуфт, вале тавонист дар ҳар шеъру  ғазалҳояш маънои достонро гўяд.
Ҳофизони соҳибмактабаш Акашариф Ҷўраев, Ҷўрабек Муродов, Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов, Аҳмад Бобоқулов, Ҳусайни Насриддин, Афзалшо Шодиев, Мастона Эргашева, Орзугул Хоҷамова, Парда Қосим ва дигарон чун булбулони боғи санъати миллати тоҷик шодию нишот ва орзую умеду армони дили миллати соҳибтамаддуни тоҷикро бо созу таронаҳои хотирмон тараннум кардаанду мекунанд.
Пойтахти тоҷикон бо бунёди Кохи Сомон, қомат афрохтани ҳайкали доҳии тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ, таъсиси боғи устод Рўдакӣ симои миллии худро соҳиб шуд. Солҳои охир ин хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфт, пеш рафт, тараққӣ кард, ҳамқадами замон шуд. Кунун иморатҳои баландошёнаи замонавиаш ҳусни рўзафзуни шаҳрро бештар мегардонанд.
Оре, миллати сарбаланду соҳибтамаддуни тоҷик бо зебо ва васеъ кардани шаҳрҳои ҷавону замонавӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, кушодани нақбҳои афсонавӣ, сохтмони неругоҳҳои хурду бузургаш ба сўи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузорад.
Сокинони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳам ошно мешаванд. Ин ошноӣ ба дўстию рафоқати якумра ва ба пайванди наслҳо табдил меёбад. Пас, шаҳри Душанберо метавон манбаъ ва сарчашмаи ваҳдати миллӣ номид. Душанбе чун гаҳвораи ваҳдати миллӣ дар рушди илм, фарҳанг ва санъати миллӣ ҳиссаи арзанда дошту дорад.
Шаҳри Душанбе барои кулли тоҷикистониён азиз аст, зеро беҳтарин, хубтарин ва зеботарин даврони зиндагии бисёре аз мардуми зиёӣ — яъне, айёми донишҷўияшон маҳз дар ҳамин шаҳри зебо гузаштааст.
Тоҷикон бо эъмори шаҳри зебои Душанбе ба ҷаҳониён исбот карда тавонистанд, ки онҳо аз қадим шаҳрдор, шаҳрсоз ва шаҳрнишинанд.
Дар маркази шаҳри Душанбе ҳайкали доҳии тоҷикони ҷаҳон шоҳ Исмоили Сомонӣ бо азму иродаи хастанопазири пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон кулли мардумро ба сарҷамъӣ, ваҳдат, бунёдкорию созандагӣ даъват менамояд.
 

Октябрь 15, 2014 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид