Ба диққати ронандагон: ҳаракат маҳдуд мешавад
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони пойтахт ва меҳмонон мерасонад, ки барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба шаҳри Душанбе 16 октябр аз соати 08.30 то 09.15 ва аз соати 12.00 то 12.40 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рудакӣ аз кӯчаи Карамов то кӯчаи Бухоро муваққатан манъ карда мешавад.
Инчунин аз соати 14.00 то 14.30 ва аз соати 15.10 то 15.20 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рудакӣ аз кӯчаи Карамов то кӯчаи Айнӣ муваққатан манъ мешавад.
Шабона аз соати 20.30 то 20.50 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Карамов то Айнӣ-А.Дониш-Мастонгулов (фурудгоҳ) муваққатан маҳдуд мешавад.
Аз ҳамаи ронандагон хоҳиш мешавад, ки дар ин соатҳо ҳушёриро аз даст надода, бехатариро таъмин кунанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






