Барасии технологияи истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ дар Олмон
Душанбе,15.10.2014.(АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ҷаласаи минтақавӣ дар мавзӯи «Технологияи истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва ғанигардонии он» 10 октябр дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон кори худро ба анҷом расонид.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи мазкур бо ташаббуси Ҷамъияти Олмон доир ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ташкил карда шуд.
Аз ҷониби Тоҷикистон сардори Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Ҷумаев иштирок намуд.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни чорабинӣ муаррифии ширкатҳои калони Олмонӣ (VDMA, Wirtgen grup, Liebherr, Herrenknecht AG, Steinert, FAM), барориши таҷҳизот ва машинаҳо барои бахши истихроҷи маъдан баргузор гардид. Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин бо фаъолияти Академияи кӯҳии Фрайберг шинос гаштанд








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






