Барномаи амнияти озуқавории кишвар барои солҳои 2016-2020

Октябрь 17, 2014 15:00

Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ Ховар,  Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи олимон Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии кишвар пешниҳод  шуд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли равон тасдиқ гардид.
Ба лоиҳаи «Барномаи давлатии барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаҳои илман асоснок дохил намуда, ба Вазорати кишоварзии кишвар пешниҳод  шуданд.
Аз ҷумла, дар банди 8-и лоиҳаи мазкур гузаронидани мониторинг оид ба муайян намудани ҳолати коршоямии сардхонаҳо пешниҳод гардид.
Бо иштироки олимон лоиҳаи «Барномаи амнияти озуқавории кишвар барои солҳои 2016-2020» таҳия гардид, ки он ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  мешавад.
Модели минтақавӣ-дифференсиалии сиёсати рушди босуботи минтақаҳои деҳоти ҷумҳурӣ ба итмом расонида шуд.
Вобаста ба амалӣ намудани дастовардҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот самараи иқтисодии бунёди боғҳои интенсивӣ бо нишондиҳандаҳои  назарраси фарқкунанда нисбат ба боғҳои анъанавӣ дар шароити табиию иқлимии ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
 

Октябрь 17, 2014 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст