Баррасии авзои сиёсиву адабии асри Ҷомӣ
Душанбе, 3.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Аз 3 то 4 ноябри соли равон бахшида ба 600-умин солгарди мавлуди шоири ориф Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳри Хуҷанд конфронси байналхалқӣ баргузор мегардад.
Ҳадаф аз гузаронидани ин ҳамоиш пеш аз ҳама мусоидати ҳарчи бештар дар пажӯҳиши рӯзгору осори шоир, афкор ва андешаҳои адабиву ирфонӣ, фалсафиву ахлоқӣ, баррасии авзои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву илмӣ ва адабии асри Ҷомӣ, ҷараёнҳои фикриву адабӣ дар ин аҳд, нусхашиносӣ, тарҷума ва нашри осори адиб ва амсоли ин буда, он бо ҷалби муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ доир мешавад.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар меҳвари асосии конфронс баррасии авзои сиёсиву иҷтимоӣ ва таърихии асри Ҷомӣ, таҳаввули илму адабиёт ва фарҳанг дар замони зиндагии шоир, шеъру адаб ва ҳавзаҳои адабӣ дар асри Ҷомӣ, густариши ҳунарҳои миллӣ, мусиқӣ ва анвои санъат, афкори сиёсӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ахлоқии Абдураҳмони Ҷомӣ, нусхашиносӣ, тарҷума ва нашри осори шоир, муаррифии нусхаҳои хаттии осори Ҷомӣ дар китобхонаҳои ҷаҳон, афкори ирфонии шоир ва таҷассуми он дар осори манзум ва мансури ӯ ва масоили дигар қарор мегиранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






