Баррасии фаъолияти «Шалола»
Душанбе, 13.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов раиси ҳайати мудирони ширкати туркии «Само» ва яке аз сарпарастони ҷамъияти таълимии «Шалола» Мустафа Ӯзҷанро 11 октябри соли 2014 ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар, зимни суҳбат оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф табодули назар сурат гирифт.
«Дар мулоқот инчунин самтҳои фаъолияти минбаъдаи ҷамъияти таълимии «Шалола» дар Тоҷикистон баррасӣ гардид»,- илова намуд манбаъ.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






