Баррасии осори Ҷомӣ чун воситаи пандомӯз

Октябрь 27, 2014 11:45

Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-29- уми октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бахшида ба 600- солагии бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ конфронси илмӣ- амалӣ дар мавзўи «Масъалаҳои таълим ва тарбия аз дидгоҳи Ҷомӣ» гузаронида мешавад.Дар барномаи конфронси мазкур қироат ва муҳокимаи 18 маърўза дар мадди назар аст.Маърўзагарон, асосан кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва зерсохтори он Пажўҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон, инчунин, омўзгорони ботаҷриба аз шаҳру ноҳияҳои Чкаловск, Хуҷанд, Ғонҷӣ, Истаравшан ва Ваҳдат мебошанд. Зимни баромади маърўзагарон, пеш аз ҳама, ду масъала- ҷанбаҳои тарбиявии осори Ҷомӣ аз диди педагогика ва методу усулҳои таълими ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ў дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки дар иртибот ба масъалаи дувум на фақат роҳу усулҳои таълими Ҷомӣ дар ҷараёни таълими фанни адабиёти тоҷик, ҳамчунин осорӣ Ҷомӣ дар китобҳои дарсии забони тоҷикӣ ва истифодаи осори ў ҳамчун воситаи дидактикӣ дар ҷараёни таълими забони тоҷикӣ матраҳ хоҳад гашт.

Октябрь 27, 2014 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст