Бинои нави мактаб дар Сағирдашт

Октябрь 22, 2014 09:20

   Дарвоз, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар деҳаи Лангарои ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бинои нави мактаб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.  Акнун хонандагони деҳа имкон пайдо намуданд дар назди манзили истиқоматиашон таҳсил намоянд.
  Дар гузашта онҳо ба мақсади таҳсил роҳи дурро пиёда тай менамуданд ва дар фасли сармо ин кор барояшон хеле душвор буд.
Бинои нави мактаби ибтидоӣ дорои 5 синфхона ва  2  утоқи корӣ буда, аз таҷҳизот ва ашёҳои зарурии хониш таъмин шудааст. 
Бунёди бинои мазкур дар натиҷаи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналхалқӣ бо ҷалби сармояи  хориҷӣ бунёд гардида, бори дигар аз сиёсати дарҳои кушод дар кишвари соҳибистиқлоламон гувоҳӣ медиҳад.
 
 

Октябрь 22, 2014 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст