БИР омодаи ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа
Душанбе, 27.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Айни замон лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистону Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дорад ва эҳтимол аст, ки он мавриди дастгирии Бонки исломии рушд низ қарор бигирад. Ин нуктаро раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ пас аз анҷоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27 октябр дар ҳузури хабарнигорон баён дошт.
Вай афзуд, ки пас аз анҷом ёфтани омӯзиши иқтисодию техникии тарҳи мазкур ин лоиҳа манзури Бонки исломии рушд мегардад, то масъалаи саҳмгузории он матраҳ шавад.
Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба мардуми тоҷик барои дар сатҳи баланд баргузор намудани нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пазироии гарму меҳмоннавозии самимона изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ин ҳамоиш бешубҳа барои густариши минбаъдаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии кишварҳои аъзои СҲИ, рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни дигар кишварҳои аъзо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат карда, заминаи хубе фароҳам хоҳад овард.
«Тамоми масъалаҳое, ки барои густариши муносиботи иқтисодиву тиҷоратии кишварҳои олами ислом бо кишварҳои Осиёи Миёна рабт дорад, он зимни авлавиятҳо ва самтҳои афзалиятноки маҷмӯии Бонки исломии рушд қарор дорад ва мо пайваста талош мекунем, ки дар асоси он пешниҳодоте, ки дар ин самт ироа мешавад, онҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ба манфиати пешбурди кор ва густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои исломӣ чораҳои зарурӣ андешем», — тазаккур дод Аҳмад Муҳаммад Алӣ.
Бонки исломии рушд ҳамеша омода аст, ки бо тамоми бахшҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад. «Мехоҳем, ки як барнома ё ин ки ҷадвали корӣ таъсис дода шавад, то зимни он тамоми натиҷаҳои ин ҳамоиш мавриди пайгириву баррасии ҷиддӣ қарор гирад, то дар партави он дар оянда ба натиҷаҳои воқеиву амалии ҳамкории судманд бирасем. Масалан, дар ин замина мехоҳам ишора бар он кунам, ки бояд робитаҳо ва муносибатҳои баробариву бародарӣ байни ташкилотҳои молиявӣ, бахши хусусӣ, махсусан байни палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои исломӣ бо палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои ин минтақа ва дигар кишварҳои исломӣ барқарор карда шавад», — тазаккур дод раиси Бонки исломии рушд.
Аҳмад Муҳаммад Алӣ зикр дошт, ки миёни ташкилотҳо муассисаҳои молиявии ин кишварҳо ташриф ва сафарҳои мутақобила роҳандозӣ карда шавад, то онҳо бештар ба якдигар вохӯранд, аз таҷрибаҳои якдигар баҳра бардоранд ва барои пешбурди ҳамкориҳои воқеӣ гомҳои амалӣ бардоранд.








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






