Бо даъватномаи аввалин ба хизмат: шиор

Октябрь 9, 2014 11:11

Душанбе, 09.10..2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-  Дар айни замон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани маросими даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мунтазам ҷараён дорад. Ҳафтаи гузашта дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки мақомоти масъули даъват, мактаббачагон, ҷавонони синни даъватӣ ва волидони онҳо ҷамъомад доир шуд. 
Зимни вохӯрӣ масъулини даъват изҳор доштанд, ки ҳамасола сафи ҷавонони ихтиёрӣ ва он нафароне, ки баъди гирифтани аввалин даъватнома ба камиссариати ҳарбӣ ҳозир мешаванд, хеле зиёд гаштааст.
Аз ин рӯ, изҳори умед шуд, ки ҷавонони бонангу номуси кишвар бо риояи талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар нахустин рӯзҳои даъват ба камиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, баҳри хизмат ба халқу Ватан гусел мешаванд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ иттилоъ доданд. 

Октябрь 9, 2014 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд