Боздиди Президент аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва кишоварзии Ҷиликӯл

Октябрь 7, 2014 10:38

 
Душанбе, 7.10.2014. (АМИТ «Ховар»). -Дар маркази ноҳияи Ҷиликул Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва кишоварзӣ дидан кард.
 
Дар оғози боздид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори қолинбофони дастӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
 
Тавре зикр гардид, дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Эргаш Султонов як коргоҳи қолинбофӣ таъсис дода шудааст, ки дорои 30 дастгоҳ буда, дар он 60 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
 
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ин кор изҳори хушҳолӣ карда, ба масъулин дастур дод, ки ин ҳунари бобоиро дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ рушд диҳанд.
 
Тавре аён шуд, дар ноҳияи Ҷиликул мардуми туркманзабон низ дар рушди корҳои кишоварзӣ ва ҳунармандии мардумӣ нақши намоён доранд.
 
Аз намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар намоишгоҳ ва иттилои масъулин маълум шуд, ки зироаткорону боғдорони ноҳияи Ҷиликул аз заминҳои корам пурсамар истифода бурда, ба дастовардҳои намоён ноил шудаанд.
 
Аз иттилои масъулини Бешаи Палангон аён шуд, ки барои ҳифзи набототу ҳайвонот ва парандагони он ва ҳамчунин афзун намудани шумораи ҷонварони камшудаи он тадбирҳои зиёд амалӣ мешаванд.
 

Октябрь 7, 2014 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст