Бозии дӯстона миёни тимҳои «Созандагони Ватан»
Душанбе, 07.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Бахшида ба Соли оммавияти футбол ва нақшаи чорабиниҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансур, дастаи футболи «Созандагони Ватан» аз факултаи «Сохтмон ва меъморӣ» -и ДТТ бо дастаи футболи «Созандагони Ватан» аз филиали донишгоҳи тадқиқоти технологии Москва дар шаҳри Душанбе мусобиқаи дӯстонаи футболи хурд дар варзишгоҳи «Локомотив» -и шаҳри Душанбе доир гардидааст.
Ба иттилои Боймурод Боев, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансур, ин аввалин бозии дустонаи фуболи хурд мебошад, ки пас аз таъсис намудани намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияиШоҳмансур, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ — донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, коллеҷҳо, омўзишгоҳҳо, литсейҳо, мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур доир мегардад.
Дар назар аст, ҳафтаи равон дастаи футболи «Созандагони Ватан» аз факултаи «Сохтмон ва меъморӣ» -и ДТТ бо дастаи мунтахаби футболи факултаи «Иқтисод ва идора»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бозии дӯстона гузаронад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ҳафтаи равон клуби футболи «Созандагони Ватан» аз филиали Донишгоҳи тадқиқоти технологии Москва бо дастаи мунтахаби футболи «Созандагони Ватан» аз факултаи «Энергетики»-и ДТТ ба номи М. Осимӣ бозии дустона гузаронида хоҳад шуд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






