Бозии дӯстона миёни тимҳои «Созандагони Ватан»

Октябрь 7, 2014 10:40

     Душанбе, 07.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Бахшида ба Соли оммавияти футбол ва нақшаи чорабиниҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансур, дастаи футболи «Созандагони Ватан» аз факултаи «Сохтмон ва меъморӣ» -и ДТТ бо дастаи футболи «Созандагони Ватан» аз филиали донишгоҳи тадқиқоти технологии Москва дар шаҳри Душанбе мусобиқаи дӯстонаи футболи хурд дар варзишгоҳи «Локомотив» -и шаҳри Душанбе доир гардидааст.
Ба иттилои Боймурод Боев, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансур, ин аввалин бозии дустонаи фуболи хурд мебошад, ки пас аз таъсис намудани намояндагиҳои  ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияиШоҳмансур, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ — донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, коллеҷҳо, омўзишгоҳҳо, литсейҳо, мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур доир мегардад.
 Дар назар аст, ҳафтаи равон дастаи футболи «Созандагони Ватан» аз факултаи «Сохтмон ва меъморӣ» -и ДТТ бо дастаи мунтахаби футболи факултаи «Иқтисод ва идора»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бозии дӯстона гузаронад.
    Ҳамчунин гуфта мешавад, ҳафтаи равон клуби футболи «Созандагони Ватан» аз филиали Донишгоҳи тадқиқоти технологии Москва бо дастаи мунтахаби футболи «Созандагони Ватан» аз факултаи «Энергетики»-и ДТТ ба номи М. Осимӣ бозии дустона гузаронида хоҳад шуд.
 
 
 

Октябрь 7, 2014 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад