Бозёфтҳои нав дар шаҳрчаи қадимаи Карон

Октябрь 23, 2014 16:19

Дарвоз,  23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар мавзеи қалъаи қадимаи Карон дар натиҷаи кофтуковҳои археологӣ  бозёфтҳои нав дарёфт гаштанд, ки аз тамаддуни волои тоҷикон дарак медиҳанд.
 Бо кумаки кормандони илмии Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии АУ  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012- ум то инҷониб дар ҳудуди харобаҳои қалъаи қадима ҳафриёт гузаронида мешавад. Нахуст аз зери хок се  иншооти муҳим-бурҷи оташ, боҷхона ва маъбади об бароварда шуд. Ин бозёфтҳо ба гузашти асрҳо нигоҳ накарда, намуд ва шакли худро нигаҳ доштаанд.
Ба наздикӣ боз як ҷузъиёти дигари ҳайратангез аз зери қабати ғафси хок бароварда шуд. Ба гуфтаи яке аз сокинони ин ноҳия  Ҳайдаршоҳи Акбаршоҳ, ки дар кофтукови археологӣ ширкат дорад, бозёфти нав ба расадхона шабоҳат дорад ва аз фарҳанги волои маскунони шаҳри қадимаи Карон дарак медиҳад.
       Дар вайронаҳои расадхонаи эҳтимолӣ маводи гуногуни сангӣ низ дарёфт гардиданд. Инҳо тахтасангҳои хурдҳаҷм  мебошанд, ки шаклҳои гуногуни геометрӣ доранд. 
 
 

Октябрь 23, 2014 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад