Бунгоҳи нави тиббӣ дар Шӯрообод
Шӯробод, 09.10.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар ноҳияи Шӯрообод бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои пешрафти соҳаи тандурустӣ ва беҳдошти шароити хизматрасонии тиббӣ дар марказ ва деҳоти ноҳия зиёда аз 20 муассисаи тиббӣ бо таъмини таҷҳизоти зарурӣ ба истифода дода шуд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи лоиҳа бо харҷи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ дар деҳаи дурдасти Оби тираи ноҳия як бунгоҳи нави тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Муассисаи нави тиббӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар бо маблағи беш аз 10 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид, ки он минбаъд ба сокинони деҳаҳои дурдасти Хуҷабоғ ва Деҳи Қозӣ низ хизмати тиббӣ мерасонад.
Имрӯзҳо дар ноҳияи Шӯрообод бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар деҳаи Чагам сохтмони беморхонаи қитъавӣ, ки дорои 20 кати хоб аст, идома дорад. Мувофиқи лоиҳа дар деҳаҳои Навбулоқ, Девдор ва Дараи об низ сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.
Зикр шуд, ки соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беморхонаи марказии ноҳия ба маблағи 108 ҳазор сомонӣ бо 12 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ таъмин гардида, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ беморхонаи қитъавии деҳоти Дашти Ҷум аз таъмири асосӣ бароварда шуд, ки дар доираи чунин корҳои таҷдиду навсозӣ вазъи муассисаҳои тиббӣ дар ноҳия сол аз сол беҳтар мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






