Даҳ хусусияти Сарқонун

Октябрь 30, 2014 11:58

 
  Душанбе, 30.10.2014 (АМИТ «Ховар» Манижа Баҳромзода).- Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими танзимкунанда дар соҳаи низоми давлатдорӣ ин Конститутсия (Сарқонун) — и кишвар мебошад. Он ҳамчун санади меъёриву ҳуқуқӣ  дар самти  таъмини соҳибихтиёрӣ ва рушди комили кишвар нақши бузург дошта, кафили  баробарҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Ҳоло ин қонуни кишвар  20 соли фаъолиятро тай мекунад. Ин санади олӣ манфиатҳои миллии мардуми бошарафи Тоҷикистонро дар худ таҷассум намуда, аз сарқонунҳои қаблӣ, ки дар таърихи низоми идораи давраҳои мухталифи кишвар солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 қабул гардидаанд, тафовути куллӣ дорад. Баҳри мушаххас  намудани тафовутҳои ин санади тақдирсоз аз сарқонунҳои қаблӣ, хусусан аз Сарқонуни соли 1978 бо Маҳмудзода Маҳкам Аъзам, раиси Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамсуҳбат шудем . Ба гуфтаи мавсуф  Сарқонуни феълӣ аз Конститутсия (Сарқонун) — и соли 1978 бо даҳ  хусусият фарқ мекунад:
        Пеш аз ҳама, тафовути муҳими Сарқонуни имрӯза аз сарқонунҳои қаблӣ дар  он аст, ки ин аввалин  Конститутсия (Сарқонун) — и Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки тибқи он орзуву омоли гузаштагони мо, ки солҳои  тӯлонӣ  мустақилияти комил ва рамзҳои давлатии миллиро интизор буданд,ҷомаи амал пӯшид, зеро барои расидан ба истиқлоли комил халқи тоҷик роҳи тӯлонии таърихро паси сар намуда, ба роҳи фазоили шукӯҳманди таърихӣ бо чашми умед нигарон буд.
        Дуввум, ин  санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ   аввалин ҳуҷҷати  сатҳи  олии кишвар мебошад, ки  на аз номи халқ, балки  аз ҷониби худи халқи  дорои фарҳанги маънавии  бостонӣ  бо дарки масъулияти баланду  диди  тоза  ва бо умеди бунёди ҷомеаи адолатпарвар  тавассути баргузории раъйпурсӣ  эълон ва қабул  гардидааст, ки ин  ифодаи орзую  ормонҳои  мардумӣ  дар муқаддимаи Конститутсия (Сарқонун) мустаҳкам гардидааст. 
        Сеюм, дар Конститутсия (Сарқонун) давлати  демокративу  дунявӣ  ва ягона будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам  гардида, дар  заминаи он принсипҳои демократӣ , ба монанди  эътирофи халқ  ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ  ва сарчашмаи  ягонаи ҳокимияти давлатӣ, иштироки  бемамониати  ҳар шахс дар идораи давлат, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ ва дигар падидаҳои нодири  демократӣ таҷассуми  худро пайдо  намуданд.
        Чорум, бори аввал дар сатҳи Конститутсия (Сарқонун)  эътироф шудани забони тоҷикӣ  ба ҳайси давлатӣ имкон дод,ки арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷик эмин нигоҳ дошта шуда, ба эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар ин замина забони тоҷикӣ дар кишвар рушд ёфта, Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул  шуда, дар як вақт мақоми  махсуси ваколатдор дар ин соҳа Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
      Панҷум, дар Қонуни асосии кишвар меъёри муҳим, яъне арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ мустаҳкам шудааст, ки ин  меъёри умумипазируфташудаи ҷомеаи башарӣ ба Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ такя мекунад.
       Шашум, дар Конститутсия (Сарқонун) аввалин  маротиба шакли идораи  ҷумҳурии Президентӣ якдилона пешбинӣ  шуд ва интихоби ин шакли идора дар тӯли даврони соҳибистиқлолии мамлакат борҳо собит сохт, ки он ҷавобгӯи мақсаду мароми халқи кишвар буда, пешбаранда ва ташаккулдиҳандаи ғояву ақидаҳои  миллӣ ва ҳифзкунандаи арзишҳову дастовардҳои  мардумӣ мебошад.
      Ҳафтум, дар сатҳи Конститутсия (Сарқонун)  амалӣ гардидани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар карда шуда, ин меъёр имкон дод, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи боздорӣ ва мувозинат, мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёфта, ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистон хизмат намоянд.
        Ҳаштум, тибқи Конститутсия (Сарқонун) — и кишвар (мод.12) асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат  фаъолияти  озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи  ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои  моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Тибқи меъёри Конститутсия (Сарқонун) — и қаблии соли 1978  (мод.10) асоси системаи иқтисодии давлатро танҳо моликияти сотсиалистӣ  дар шакли моликияти давлатӣ ва колхозиву кооперативӣ ташкил медод ва кафолати дигар шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ ба фаромӯшӣ рафта буд. 
        Нуҳум, тибқи Конститутсия (Сарқонун) аввалин маротиба дар таърихи  сиёсии кишвар парламенти думаҷлисаи доимамалкунандаи  касбӣ (боби 3, мод.48-64) таъсис ёфта, барои рушду инкишофи ҳам андешаи парламентаризми миллии мо ва ҳам амалияи демократии давлату давлатдориамон  мусоидат намуд.
          Даҳум, падидаи нав, ки дар Конститутсия (Сарқонун)  (мод.78)  инъикоси худро пайдо намудааст, ин дар воҳидҳои марзиву  маъмурии  кишвар ба монанди шаҳраку деҳот кафолати  мавҷуд будани мақомоти худидораи маҳаллӣ  мебошад. Ниҳоди мазкур яке аз нишондиҳандаи  муҳими демократияи муосир дар кишвар маҳсуб меёбад, ки аз ҷониби худи аҳолии маҳал бо назардошти  манфиатҳои  умумиҷамъиятӣ, анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои маҳаллӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аҳамияти маҳаллидошта таъсис ёфта, робитаи  наздики давлатро бо аҳолӣ таъмин менамояд.
        Ёдовар мешавем, ки Конститутсия (Сарқонун) — и Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ қабул гардида, имсол ба фаъолияти ин санади муҳим 20 сол пур мешавад. 

Октябрь 30, 2014 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст
Сокинони ноҳияи Файзобод дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка парвариш менамоянд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони деҳаи Навдеҳи шаҳри Норак таҷрибаи пешқадами кишоварзони ҷаҳонро меомӯзанд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе