Дар Маскав анъаноти мақоми тоҷикӣ танинандоз мешаванд
Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). – Имрӯз, 23 октябр, дар ҳошияи симпозиуми байналмилалии «Харитаи мусиқии ҷаҳон» дар толори Консерваторияи Маскав ба номи Чайковский бахшида ба садсолагии зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ консерт таҳти унвони «Анъаноти мақоми тоҷикӣ» баргузор мегардад.
Дар консерт ҳунарпешагони дастаи Академияи мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Ҳунарпешаи мардумӣ Абдувалӣ Абдурашидов, ҳамчунин Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Озодахон Ашӯрова (сурудхонӣ, дойра), Хуршед Иброҳимов (сурудхонӣ, танбур), Ҷамшед Эргашев (сурудхонӣ, танбур, дойра), Мурод Ҷумъаев (сурудхонӣ, дойра), Сироҷиддин Ҷӯраев (дутор) ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 21 октябр дар толори Консерваторияи Маскав бахшида ба 100 – солагии Зиёдулло Шаҳидӣ консерт баргузор гардида, дар он асарҳои Зиёдулло Шаҳидиро Фарангис Нуруллохоҷа, Вивье, Жан Франсуа Лапорт ва гурӯҳи саксофоннавозони «Квазар» — и Канада иҷро карда буданд.
Дар ҳошияи симпозиум мизи мудаввар баргузор гардида, дар он Мунира Шаҳидӣ дар мавзӯи «Эҷодиёт ва ҷаҳонбинии З.Шаҳидӣ» маърӯза кард.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






