Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 36,7 фоиз зиёд шуд
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар нуҳ моҳи соли 2014 ба андозаи 1450,5 млн.сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 389,7 млн.сомонӣ ё 36,7 фоиз зиёд мебошад. Тавре ки аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, маблағгузории пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ 1291,6 млн.сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 278 ҳазор сомонӣ ва ё 27,4 фоиз афзудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби андози иҷтимоии инфиродӣ ба буҷети агентӣ 49,7 млн.сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 млн.сомонӣ ё 15,9 фоиз зиёд мебошад Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда» дар самти таъйиноти андӯхти нафақавии инфиродӣ, аз ибтидои пардохт то 1 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз 101 ҳазору 430 аризаи барои пардохти андӯхти нафақавӣ қабул гардида, зиёда аз 94 ҳазору 971 ариза мавриди коркард қарор дода шуда, ба 5 ҳазору 554 нафари онҳо вобаста ба мувофиқат накардани ҳуҷҷатҳо қарори рад бароварда шудааст. Аз ин шумора ба 71 ҳазору 875 нафар ба маблағи 17480,8 ҳазор сомонӣ нафақаи андӯхтӣ таъйин карда шуд. Дар нуҳ моҳ барои гирифтани маблағҳои андӯхтӣ 11038 нафар муроҷиат намуд, ки аз ин шумора ба 368 ариза бинобар мувофиқат накардани ҳуҷҷатҳо қарори рад бароварда шуда, ба 10670 нафар бо назардошти аризаҳои соли 2013 ба маблағи 3433,7 ҳазор сомонӣ пардохт шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






