Дастгирии ИМА аз Созишномаи транзитии «CASA-1000»
Душанбе, 14.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Иёлоти Муттаҳидаи Амрико созишномаи имрӯз эълоншударо доир ба нархгузории транзитии тарҳи интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) дастгирӣ менамояд. Созишномаи мазкур дар бораи иқдоми муҳими муносиботи тарафайн байни Афғонистону Покистон ва инчунин яке аз дастовардҳои аввалини дипломатии ҳукумати нави ваҳдати миллии Кобул зери роҳбарияти Президент Ашраф Ғанӣ ва Сарвазир Абдулло Абдулло шаҳодат медиҳад.
Баъд аз итмоми тарҳ “CASA-1000” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон имконияти фурӯши барқи обии изофиро ҷиҳати қонеъ гардонидани норасоии Афғонистон ва Покистон медиҳад. Лоиҳаи мазкур ҷузъи муҳими бозори энергетикии минтақавӣ буда, таъминкунандагону харидорони барқро пайваст менамояд ва ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Созишномаи нархгузории транзитӣ қадами заруру ниҳоӣ ҷиҳати ба имзо расидани созишномаи хариди барқ буда, донорҳои дигарро барои ширкат дар татбиқи “CASA-1000” водор месозад.
Иёлоти Муттаҳида ҳамкориро бо чор давлати “CASA-1000” ва шарикони байналмилалӣ барои пешрафти лоиҳаи мазкур на фақат бо мақсади пайваст кардани таъминкунандагони барқи тоза бо харидоронаш, балки барои таҳкими дастгирии дарозмуҳлатамон ба осоишӣ, амният ва ободонии Афғонистон, ҳамсояҳои он ва минтақаи васеъ низ идома хоҳад дод.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






