Даъвати раиси шаҳр аз соҳибкорон

Октябрь 14, 2014 10:58

    Душанбе, 14.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар доираи таҷлили ҷашни 90-солагии пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибкорон ва доираҳои тиҷоратии пойтахт мулоқот намуд.
Раиси  шаҳр ба соҳибкорон барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳаҳои мухталифи пойтахт ва ғанӣ гардонидани буҷаи он аз номи шаҳрдорӣ арзи сипос намуда, гуфт, ки соҳибкорони пойтахт минбаъд низ неруи созандаи худро баҳри ободонию пешрафти Душанбе равона хоҳанд кард.
  Зикр гардид, ки даромади умумии буҷети пойтахт сол аз сол афзоиш меёбад. Танҳо дар соли 2013 ба буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз  650 миллион сомонӣ  ворид шудааст, ки баробари 33,5  фоизи буҷети солона буда, дар он саҳми соҳибкорони  пойтахт низ калон аст.  
  Дар фарҷоми мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев  аз соҳибкорон даъват кард, ки дар ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолот ва кумак ба оилаҳои камбизоат ва дигар қишрҳои ниёзманди  ҷомеа дар доираи фаъолияти эҳсонкорӣ саҳми муносиб гузоранд. 
 
 

Октябрь 14, 2014 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад