Даъвати раиси шаҳр аз соҳибкорон
Душанбе, 14.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар доираи таҷлили ҷашни 90-солагии пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибкорон ва доираҳои тиҷоратии пойтахт мулоқот намуд.
Раиси шаҳр ба соҳибкорон барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳаҳои мухталифи пойтахт ва ғанӣ гардонидани буҷаи он аз номи шаҳрдорӣ арзи сипос намуда, гуфт, ки соҳибкорони пойтахт минбаъд низ неруи созандаи худро баҳри ободонию пешрафти Душанбе равона хоҳанд кард.
Зикр гардид, ки даромади умумии буҷети пойтахт сол аз сол афзоиш меёбад. Танҳо дар соли 2013 ба буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 650 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки баробари 33,5 фоизи буҷети солона буда, дар он саҳми соҳибкорони пойтахт низ калон аст.
Дар фарҷоми мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз соҳибкорон даъват кард, ки дар ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолот ва кумак ба оилаҳои камбизоат ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа дар доираи фаъолияти эҳсонкорӣ саҳми муносиб гузоранд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






