Ду муассисаи нави хизматрасонӣ барои мардуми Хуҷанд
Душанбе, 1.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз бахшида ба таҷлили 20 солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони тоҷикӣ, Иди Қурбон дар шаҳри Хуҷанд ду муассисаи нави хизматрасонӣ ва савдо ба истифода дода шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи Маркази хизматрасонии «Себарга» дар маҳаллаи «Навбаҳор»- шаҳри Хуҷанд ва як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ширкат варзид. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани ин марказ 50 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид.
Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, марказ бо сарфи зиёда аз як миллион сомонӣ бунёд ёфта, он аз тарабхона,мағоза, чойхона ва қаҳвахона иборат аст. Пешбинӣ мешавад, ки минбаъд дар ин марказ барои занони маҳаллаи мазкур сехи дӯзандагӣ ва қаннодӣ фаъолият кунад. Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми боздиди ин иншоот аз тарзи ороиш, нақшу нигори миллӣ, шароитҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Маркази хизматрасонии «Себарга» дар маҳаллаи мазкур беназир аст, зеро тамоми ороиши чойхона ва тарабхона бо истифода аз унсурҳои тоҷикии маҳаллӣ, истифодаи ранг, матоъ ашёҳои хоси ҷиҳози мардуми Хуҷанд оро дода шудаанд. Раиси шаҳри Хуҷанд аз соҳибкор ва муассиси марказ Мирзодаврон Рашидов даъват намуд, ки сифати хизматрасониро баланд бардошта, нисбат ба нархҳои хизматрасонӣ ва маҳсулоти пешниҳодмешуда назорати қатъӣ барад.
Дар қисмати дигари маҳаллаи мазкур як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ иборат аз 12 ҳуҷра ва дар ошёнаи якум маркази савдо бо номи «Набиҷон» бо 10 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






