Дурнамои ҳамкориҳои гумрукӣ
Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Лондон, дар масъалаҳои автоматизатсияи расмиёти гумрукӣ ва пешгирии гардиши ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт вохӯрӣ-семинар доир гардид, ки дар он намояндагони Хадамоти гумруки кишвар низ иштирок доштанд.
Вобаста ба мавзӯи семинар масълаҳои барномаи идораи контейнерҳо, низоми назорати ҳаракати контейнерҳо, назорат аз болои прекурсорҳо ва савдои ғайриқонунии маҳсулоти тамоку, равандҳои ҳамгироии гумрукӣ ва мубодилаи маълумот миёни кишварҳои ҳамсарҳад, низоми такмилдодашудаи идораи таваккал, идораи кадрҳо ва мубориза бо коррупсия баррасӣ шуданд.
Дар семинар вохӯрии дуҷониба бо ҳайати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарии сардори кулли ин мақомот Вардак Наҷибулло гузаронида шуд ва дар ин мулоқот аз ду ҷониб тасмим гирифта шуд, ки барои таҳким бахшидан ба хамкории мутоқобила миёни гумруки Тоҷикистону Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дигар доир гардад.
Вобаста ба ин тасмим аз 13-ум то 17-уми октябр меҳмонон аз мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Халиқуллаҳ Абдул Рауф — муовини сардори мақомоти гумрук оид ба таъминот, Моҳаммад Умар Моманд — муовини сардори мақомоти гумрук оид ба ислоҳоти гумрукӣ, Муҳаммад Маляр Ҷабархел — сардори бахши автоматоникунонии гумрук, Реза Муҳаммадӣ — ҳамоҳансози UNCTAD ASYCUDA дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Иоан Коёака — мушовири UNCTAD ASYCUDA оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар кишвари мо қарор доштанд, ки бо муовини сардори хадамоти гумрук, полковники хадамоти гумрук Тоҳир Нуров ва сардорони раёсатҳо вохурӣ анҷом дода, барои густариши ҳамкориҳои минбаъда, масъалаҳои мубодилаи иттилоот дар робита ба ҳамгироии системаҳои СИАЯ ва «ASYCUDA», автоматизатсияи расмиёти гумрукӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт, истифодаи технологияҳо ва системаҳои муосири назоратию иттилоотӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин зимни сафари корӣ ҳайати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва коршиносони UNCTAD ASYCUDA аз дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи поён» боздид намуда, бо фаъолияти ин маҷмаии муосири сарҳадию гумрукӣ шинос шуданд.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Хадамоти гумрук иттилоъ доданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






