Душанбе ва Остона мутақобилан қитъаҳои замин ҷудо менамоянд

Октябрь 1, 2014 15:33

   Душанбе, 01.09.204.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон  дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ 1 октябр  аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид.
            Озода Эмомалӣ Раҳмон-муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ зимни ташреҳи ҳуҷҷати мазкур гуфт, ки дар асоси ин Созишнома Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон барои  сохтмони намояндагии дипломатӣ дар Душанбе  1 гектар қитъаи заминро бо арзиши 1 сомонӣ дар як сол ба муҳлати 49 сол ҷудо мекунад. Ҳамзамон дар асоси Созишномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон мутақобилан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остона бобати сохтмони бинои намояндагии дипломатӣ 1 гектар қитъаи заминро бо арзиши 1 тенге дар як сол  ба муҳлати 49 сол ҷудо менамояд.
     Тасдиқи Созишномаи мазкур аз ҷониби Парлумони кишвар агар аз як сӯ барои фароҳам овардани шароити мусоид ба намояндагиҳои дипломатии ҳар ду кишвар –Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат намояд, аз дигар ҷониб он қадами ҷиддиест дар самти татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Октябрь 1, 2014 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад