Душанбе ва Остона мутақобилан қитъаҳои замин ҷудо менамоянд
Душанбе, 01.09.204.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ 1 октябр аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид.
Озода Эмомалӣ Раҳмон-муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ зимни ташреҳи ҳуҷҷати мазкур гуфт, ки дар асоси ин Созишнома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон барои сохтмони намояндагии дипломатӣ дар Душанбе 1 гектар қитъаи заминро бо арзиши 1 сомонӣ дар як сол ба муҳлати 49 сол ҷудо мекунад. Ҳамзамон дар асоси Созишномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон мутақобилан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остона бобати сохтмони бинои намояндагии дипломатӣ 1 гектар қитъаи заминро бо арзиши 1 тенге дар як сол ба муҳлати 49 сол ҷудо менамояд.
Тасдиқи Созишномаи мазкур аз ҷониби Парлумони кишвар агар аз як сӯ барои фароҳам овардани шароити мусоид ба намояндагиҳои дипломатии ҳар ду кишвар –Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат намояд, аз дигар ҷониб он қадами ҷиддиест дар самти татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






