Душанбегиҳо ҳунарнамоии «Тенор 21 века» — ро қадр карданд

Октябрь 20, 2014 12:43

Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Азамат). — 18  октябр  дар  Филармонияи  давлатии  Тоҷикистон  ба  номи Акашариф  Ҷӯраев  консерти  бошукӯҳи  дастаи  машҳури  мусиқии «Тенор 21 века»- и  Русия  баргузор гардид. 
Сокинони  шаҳри  Душанбе  ва  меҳмонони  пойтахт шоҳиди ҳунарнамоии  беҳтарин  дастаи  ҳунарии  Русия  гардиданд, ки  дар  Австрия,  Куриёи  Ҷанубӣ,  Лубнон,  Латвия, Беларус,  Қазоқистон  ва  Кипр  маҳорати  худро  намоиш  додааст. 
Мутрибу роҳбари  барномаи «Тенор 21  века»  Дмитрий Сибиртсев ба  ҳозирон аз  фаъолияти   дастаи  ҳунарии  мухтасар  нақл  карда  ва  барномаи онро  манзури  ҳозирон  намуд. Мавсуф  ҳамчунин  зикр  намуд, ки  сарояндагони   дастаи  мазкур дар Театри давлатии академии калони  Русия, Театри  академии  Маскав  ба  номи Станиславский  ва  Немирович — Данченко, Театри  операи  нави  Маскав  фаъолият  доранд. 
Ҳаводорони санъати  шаҳри  Душанбе ҳунарнамоии ин  дастаи  машҳури  Русияро  бо кафкӯбиҳо  маъқул  ёфта,  ба аъзои он  изҳори  миннатдорӣ  карданд.
Дар  анҷоми  консерти  бошукӯҳ  роҳбарияти  Вазорати  фарҳанги  ҶТ ва  Филармонияи  давлатӣ  як  сабад  гулдастаҳои тару  тозаро ба  меҳмонон  тақдим  карданд.
Ёдовар  мешавем, ки ин  консерт  бо  ибтикори  Муассисаи  давлатии консертии «Базморо» дар  ҳамкорӣ  бо Ширкати  давлатии  консертии «Содружество» -и  Русия роҳандозӣ  шуд.

Октябрь 20, 2014 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад