Э. Раҳмон: “Мардум ба осори Мавлоно иродат доранд”

Октябрь 4, 2014 09:40

Душанбе, 4.10.2014. (АМИТ “Ховар”).- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохўриҳое, ки бо аҳли зиёи кишвар дошт, пешниҳод карда буд, ки соли 2014-ро дар кишвар соли бузургдошти Абдураҳмони Ҷомӣ эълон намоем ва дар ин муддат ба омўхтан ва тарғибу ташвиқи ҳаёт ва эҷодиёти ў амиқтар машғул шавем, то ки мардуми мо аз Мавлоно шинохти фарогиртаре дошта бошанд. 
Имрӯз дар шаҳри Душанбе 600-олагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон бо чорабинии тантанавӣ таҷлил гардид. Дар ин чорабинӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки: “Ман қаноатманд аз онам, ки то имрўз Академияи илмҳо, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи мамлакат ба муносибати ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ як қатор тадбирҳои заруриро анҷом додаанд ва бовар дорам, ки онҳо ин кори нек ва босамари худро минбаъд низ идома медиҳанд. Зеро эҷодиёти Мавлоно Ҷомӣ басо пурвусъат ва пургунҷоиш буда, сабақи доимӣ бардоштан ва таҳқиқу таҳлили пайвастаро тақозо мекунад”.
Э. Раҳмон таъкид намуд, ки муҳимтар аз ҳама, худи мардум ба шахсият ва осору афкори Мавлоно иродат ва меҳри махсус доранд. То имрўз таҷлил гардидани ҷашнҳои 550-солагӣ ва 575-солагии ин олим ва орифи бузург ва ба ифтихори ў номгузорӣ шудани хиёбону мактабҳо, кохи ҳунар ва ноҳия дар кишварамон далели равшани ҳамин гуфтаҳоянд.  
Миқдори асарҳои илмиву адабӣ ва ирфонии ўро ҷоми-шиносон имрўз аз 46 номгўй иборат донистаанд, ки миёни онҳо асарҳои машҳуре, чун “Баҳористон” дар наср, маснавиҳои “Ҳафт авранг”, се девони шеър, тазкираи “Нафаҳот-ул-унс”, “Рисолаи мусиқӣ”, “Рисолаи арўз”, “Рисолаи қофия”, “Шарҳи Ҷомӣ” дар бораи сарфи забони арабӣ ва “Чил ҳадис”мақому манзалати хосса доранд.
Ҳамзамон бо ин, китобу рисолаҳои машҳури Абдураҳмони Ҷомӣ, аз қабили “Нафаҳот-ул-унс”, “Чил ҳадис”, “Шарҳи рубоиёт”, “Рисолаи суханони Хоҷа Порсо”, “Шарҳи ду байти “Маснавӣ” ва ғайра аз манбаъҳои муҳим буда, дар таҳқиқи таърихи тасаввуф ва масъалаҳои назарии он дорои аҳамияти махсус мебошанд.

Октябрь 4, 2014 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!