Э. Раҳмон: “Забон-баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик”
Душанбе, 4.10.2014. (АМИТ “Ховар”).-Ба ҳамагон маълум аст, ки забон баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик буда, бо истиқлоли ватани мо пайванди ҷовидонӣ пайдо кардааст. Ин нуктаро 4 октябр зимни таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баён дошт.
Сарвари Давлат афзуд, ки дар тўли тамоми таърих забон барои миллати мо яке аз арсаҳои муборизаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ ба шумор мерафт. Хусусан имрўз дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои замона эмин дорем.
“Миллати тоҷик нек медонад, ки кулли ганҷинаи адабу фарҳанги мо тавассути забон ҷовидон мондааст ва ба воситаи забон дар арсаи ҷаҳон эътироф ва шинохта шудааст.Мо бояд забони давлатиамонро мисли оинаи поку пурҷило нигоҳ дорем ва онро аз ҳар гуна олоишу омехтагиҳои нозаруру ғайриматлуб ҳифз намоем”, — таъкид намуд Э. Раҳмон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






