ФБД наздик ба 1 миллион мусофир хизмат расондааст
Душанбе, 31.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар зарфи 9 моҳи соли равон кормандони «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» наздик ба 528 ҳазор нафар мусофири рафта ва зиёда аз 453 ҳазор мусофири омада хизмат расонидаанд. Ин матлаб зимни ҷамъбасти фаъолияти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар тӯли нӯҳ моҳи соли 2014 зикр гардид. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ сардорони хадамот ва шуъбаҳои фурудгоҳ оид ба фаъолияти бахшҳои худ гузориш доданд.
Назар ба иттилои Муҳаммадюсуф Шодиев котиби матбуотии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар ин давра ҳаҷми умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби кормандони анбори тиҷоратии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» беш аз 1733 тоннаро ташкил дод. Инчунин кормандони фурудгоҳ дар зарфи 9 моҳ ба 4786 адад хатсайри доимӣ ва 422 адад хатсайри чартерӣ хизмат расонидаанд. Ҳамзамон М. Шодиев афзуд, ки алҳол парки техникии фурудгоҳ зиёда аз 100 намуд техника ва механизми гуногун дорад, ки бо истифода аз он мутахассисон дар тамоми фасли сол, дар ҳама гуна шароити вазъи ҳаво хати нишасту парвоз, таваққуфгоҳҳо, роҳравҳои зимомиро дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта, ҳавопаймоҳоро қабул ва ба парвоз омода месозанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






