Фурӯши 86 иншооти давлатӣ
Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тайи нӯҳ моҳи соли 2014 ҷиҳати ба фурўш баровардани моликияти коммуналӣ 61 музояда гузаронида шуда, 86 иншоот, 31 адад воситаи нақлиётӣ ва дигар намуди амволи давлатӣ фурўхта шуд.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки маблағи умумии ба буҷетҳои маҳаллӣ аз ин ҳисоб воридгардида 13,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи нӯҳ моҳи соли 2013 ба маблағи 2,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ғайр аз ин, 1734 адад шартномаи иҷораи моликияти коммуналӣ баста шуда, аз ин ҳисоб ба буҷетҳои маҳаллӣ 6,4 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 36 адад шартнома ва 1,6 млн. сомонӣ зиёд аст.
Дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» 24 адад ҷамъияти саҳомии кушодае, ки дар сармояҳои оинномавии онҳо саҳмияҳои давлатӣ мавҷуд аст, маҷлисҳои умумии солонаи саҳмдоронро барпо намуда, намояндагони кумита ба ҳайати шўроҳои нозирони ҷамъиятҳои саҳомии кушода шомил гардиданд. Дар натиҷа тибқи қарорҳои маҷлисҳои умумии солонаи саҳмдорон, суди саҳмияҳои давлатӣ ба маблағи умумии 615,2 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. То ҳолати 1 октябри соли 2014 аз ин ҳисоб 152 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардидааст.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






