Гусели нахустин ҳомиёни Ватан
Душанбе, 1.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Пагоҳ, 2-юми октябр дар шаҳри Хуҷанд маъракаи гусели нахустин гурӯҳи наваскарони ихтиёрӣ дар мавсими даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Дар ин бора дар ҷараёни ҷаласаи васеи комиссияи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ, ки дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки имсол фоизи нақшаи даъват нисбат ба даъвати баҳорона камтар буда, имкониятҳои барои сари вақт иҷро намудани нақшаи даъват мавҷуд аст. Ҳамчунин аъзои комиссияи даъват пурра барои фаъолияти ҳамарӯза омода буда, онҳо қисмати аввали рӯз даъватшавандаҳоро аз муоина гузаронда, қисмати дуюми рӯз аъзои комиссияи даъват дар маҳаллаҳои шаҳр кори худро идома хоҳанд дод.
Аз ҷониби масъулин рӯйхати фарзандони шахсони мансабдор, ки ба синни даъват расидаанд тартиб дода шуда, дар сурати аз имтиёзҳо маҳрум будан онҳо дар мадди аввал ба сафи Артиши Миллӣ сафарбар мешаванд.
Барои фаъолияти самараноки комиссияи даъват бо қарори раиси шаҳр 20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласа раисони маҳаллаҳоро дастур дод, ки бо прокуратура, шуъбаи корҳои дохилӣ ва нозирони минтақавӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, аз ҳама гуна зуҳуроти ба таври зӯрӣ ҷалб намудани даъватшавандаҳо ба хизмати ҳарбӣ худдорӣ намоянд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






