Гузоштани хишти аввали мактаби муосир дар ноҳияи Ҷиликӯл
Душанбе, 7.10.2014. (АМИТ «Ховар»). -Дар ҷамоати Деҳқонободи ноҳияи Ҷиликӯл бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони мактаби нави муосир оғоз бахшида шуд, ки барои 640 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.
Тавре зикр гардид, ин мактаб тайи 1,5 соли оянда бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.
Мактаби нав аз бинои таълимӣ, толори варзишӣ, майдони футбол, толори маҷлисӣ, ошхона, синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои ҳунаромӯзии духтарону писарон иборат хоҳад буд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






