Гузоштани санги асоси мактаб-интернат ва мулоқот бо роҳбарияту мардуми ноҳияи Қубодиён
Душанбе, 7.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати 20 солагии истиқлоли Тоҷикистони ноҳияи Қубодиён бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони мактаб-интернат барои 240 хонандаи ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд оғоз бахшид.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки биноҳои нави ин муассисаи таълимӣ дар зарфи ду сол бо харҷи 9 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ бунёд меёбад.
Дар ин ҷо як бинои нави таълимӣ барои 240 тарбиятгиранда, хобгоҳи барҳаво бо 100 кати хоб ва як бинои алоҳида барои толори варзишӣ сохта мешавад.
Ҳоло дар биноҳои кӯҳнаи ин муассиса 265 нафар тарбиятгирандагон таҳсили илму зиндагӣ мекунанд, ки 70 нафараш аз худи ноҳияи Қубодиёнанд.
Дар саҳни ҳавлии ҳамин муассиса Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Қубодиён мулоқот намуда, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда ва таъмини рушди босуботи ноҳия ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ супоришҳои мушаххас дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






