«Хуҷандатлас» дубора фаъол шуд

Октябрь 17, 2014 10:46

Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Хуҷандатлас» — и шаҳри Хуҷанд дубора ба фаъолият шурӯъ намуд.
Корхонаи мазкур солҳои пешин бо истеҳсоли атлас машғул буда, шӯҳрати ҷаҳонӣ дошт.
Баъд аз солҳои тӯлонии бозистӣ корхона ба истеҳсоли атлас оғоз кард ва дар он 70 нафар бо ҷои кор таъмин шуд. Дар ин корхона зиёда аз 60 намуди атлас истеҳсол мешавад, ки 8 намуди он навъҳои нави атлас мебошад. Дар корхона бо истифодаи 1 тонна абрешим 21 ҳазор метри мурабаъ атлас истеҳсол мешавад. Ба иттилои мутахассисон дар оянда ҳаҷми истеҳсол рӯ ба афзоиш ниҳода, коркарди абрешими ватанӣ зиёд  мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дирӯз ҳамзамон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Иди атлас ва адраси Хуҷанд — 2014» доир гардид.
Бояд гуфт, ки аввалин маротиба дар озмуни анъанавии атлас аз матоъҳои истеҳсоли ватанӣ ва ҷиҳати рушди адрасбофӣ ба ин ҷашнвора калимаи адрас низ ҳамроҳ карда шуд ва дар натиҷа имрӯз иди атлас ва адрас бори аввал дар вилоят гузаронида шуд.
Дар ин рӯз инчунин ба 13 нафар ғолиби озмуни «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё менамоем» мукофотҳои пулӣ супорида шуданд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба як зумра  занони ҳунарманде, ки дар корхонаи муштараки «ВетТоҷ» курсҳои омӯзишии адрасбофиро хатм кардаанд, аз ҷумла ба Махфират Ҳасанова, Файзинисо Раҳматзода, Умрӣ Аҳмедова ва Марғуба Одинаева дастгоҳҳои адрасбофӣ туҳфа намуд.

Октябрь 17, 2014 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад