Иқдомҳои Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — Солҳои охир дар Тоҷикистон як силсила ислоҳот дар самти пешбурди соҳибкорӣ анҷом дода шуд, ки ба кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолати давлат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд. Ин нуктаро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зини суханронии хеш дар дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе — 2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт» 15 октябр иброз дошт.
Вай афзуд, ки аз ҷумла ҷиҳати ташкили муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ бо мақсади суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар сатҳи олӣ таъсис дода шуд ва фаъолияти он ба соҳибкорону сармоягузорон имконият медиҳад, ки андешаҳои худро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ мустақиман ба Президенти мамлакат пешниҳод намуда, дар марҳалаҳои асосии қабул ва татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ иштирок намоянд.
То имрўз дар кишвари мо дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон, соддагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, ислоҳоти низоми андозбандӣ, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва рушди соҳаҳои дигар ислоҳоти муҳим гузаронида шудаанд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти иқтисодӣ доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ мебошад.
Бо дарназардошти ин, низоми «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷорӣ карда шуд, ки он ба соддагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, таъмини шаффофият, бартарафсозии монеаҳои гуногун дар самти ташкили шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ равона карда шудааст.
Дар самти ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки манфиатҳои субъектҳои соҳибкориро ифода мекунанд, қабул карда шуданд.
Вобаста ба ислоҳоти низоми андозбандӣ Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки амали он аз соли 2013 оғоз шуд. Дар асоси он номгўи андозҳо ва шумораи эъломияҳои андоз кам карда шуданд. Пешниҳоди ҳисоботи андоз тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст, ки пеш аз ҳама боиси соддагардонии андозсупорӣ мешавад.
Илова бар ин, дар 23 соли истиқлолият Ҳукумати кишвар дар доираи ҳадафҳои стратегии худ ҷиҳати ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат лоиҳаҳои муҳимми ифрасохториро дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт бомаром татбиқ намуд, ки онҳо мустақиман ё ғайримустақим ба рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани дастрасӣ ба нерўи барқ, осону камхарҷ кардани истифодаи роҳу пулҳо ва баромадан ба бандару бозорҳои тиҷоратии байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Соли ҷорӣ дар самти соддагардонии расмиёти пешбурди соҳибкорӣ, аз ҷумла бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, гирифтани иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи таъминоти қувваи барқ, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба қарз, андозбандӣ, тиҷорати байналмилалӣ, таъмини иҷрои қарордод ва ҳалли масъалаи пардохтпазирии субъектҳои соҳибкорӣ нақшаи корӣ қабул гардид, ки татбиқи самараноки он боиси боз ҳам беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва шароити пешбурди соҳибкорӣ дар мамлакат хоҳад гардид.








Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт






